Иштироки корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар “Текстиллегпром”
Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 23-юм то 26-уми сентябри соли равон дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия-намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) хабар доданд, корхонаҳои Тоҷикистон бори чаҳорум аст, ки пай дар пай меҳмони намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федератсияи Русия мебошад, мегарданд. Дар ин намоишгоҳ Тоҷикистонро 13 корхона бо маҳсулоти хеш муаррифӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар намоишгоҳ корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Лидер», “Нассоҷии Хуҷанд”, «Нафиса», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Текстил Сити», «Тента Кӯлоб», “Файзи истиқлол-2011” ва “Фирӯз” иштирок доранд.
Ёдрас мешавем, ки “Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 35 ҳазор нафар мерасад. Бино ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур пас аз таҳлили амиқи таъсири эҳтимолии мусбати он ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи замон ва макони баргузорӣ интихоб гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






