Иштироки намояндагони ФФТ дар семинари ФИФА

Сентябрь 1, 2014 12:04

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Аз  31  август  то  2 сентябр  дар  пойтахти Шри  — Ланка  шаҳри  Коломбо   семинари  минтақавии  ФИФА  оид ба  рушди  футбол  баргузор  мегардад, ки дар  он  роҳбарони  федератсияҳои  футболи   кишварҳои  Осиёи  Ҷанубию  Марказӣ  ширкат  доранд.
Назар  ба  иттилои  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон,  дар  семинар аз кишвари  мо  дабири  кулли  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Ислом  Маҳмадшоев  ва  директори  техникии  ФФТ  Шавкат  Аҳмедов  ширкат  доранд.
Дар  семинар  ҳамчунин  роҳбарони  федератсияҳои  футболи  Афғонистон,  Бангладеш,  Бутон, Ҳиндустон, Қирғизистон,  Малдив,  Непал,  Покистон, Шри – Ланка,  Туркманистон  ва  Покистон  ҳозиранд. 

Сентябрь 1, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд