Иштироки тими мунтахаби кишвар дар мусобиқаи Осиё-2016
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи Осиё-2016 ширкат мекунад.
Тавре ки дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 23-юм то 31-уми марти соли 2015 баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Ба ҳайати мунтахаби кишвар бозингарони соли таваллудашон 1993 ва аз он хурд дохил мешаванд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи қуръакашии сабқати интихобӣ, ки декабри соли равон баргузор мешавад, маълум мегарданд.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи интихобӣ 44 даста ширкат мекунад ва дастаҳо ба ду минтақа- ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мегарданд. Ба минтақаи ғарбӣ 24 даста: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Яман шомиланд.
Ба минтақаи шарқӣ 20 даста: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам дохил гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол барои мизбонии сабқати интихобӣ Бангладеш, Эрон, Покистон, Фаластин ва Қатар (минтақаи ғарбӣ), инчунин, Тайван ва Индонезия (минтақаи шарқӣ) дархост додаанд.
Ба иттилои АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чаҳор кишвар — Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон муддаӣ мебошанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






