Ислоҳоти соҳаи маориф дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва илм дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти байналмилалии Ҳамкориҳои Олмон (GIZ) ва аз ҳисоби маблағҳои барномаи минтақавии «Ислоҳоти соҳаи маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва дастгирии роҳбари лоиҳа доктор Бернд Видеке ба донишкада се озмоишгоҳи омўзишӣ аз фанҳои химия, биология ва физика бо маблағи 15562 сомонӣ кумаки техникӣ расониданд, ки дар дарсҳои амалии курсҳои баландбардории малакаи касбии омўзгорон аз имкониятҳои дардастдошта ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.Ба иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамзамон бо дастгирии шарикони ҳамкор панҷ устохонаи омўзишӣ барои омўзгорони фанни технологияи меҳнат: дўзандагӣ, пазандагӣ, коркарди чӯб, металл ва оҳан дирӯз бо иштироки муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова мавриди истифода қарор дода шуд.Гуфта мешавад, ки чунин марказҳои омўзишӣ ҳар кадоме ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ: 450 ҳазор сомонӣ (87 ҳазору 378 ИМА) дар филиалҳои донишкада дар шаҳри Душанбе, Кўлобу Қурғонтеппа, Хуҷанду Хоруғ кушода мешаванд. Омўзгорони фанни технологияи меҳнат имконият пайдо карданд, ки дар курсҳои такмили ихтисос аз ин марказҳо ба таври васеъ истифода бурда, донишу малакаи касбии гирифтаи хешро ба шогирдон диҳанд. Ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳо барномаи бозомўзии омўзгорони фаннни технологияи меҳнат таҳия гардида, ҳоло 13 нафар мутахассис аз курсҳои бозомўзӣ гузашта истодааст. Ин омўзгорон — тренерон дар оянда омўзгорони фанни технологияи меҳнатро, ки ғайриихтисос фаъолият менамоянд, аз курсҳои бозомўзӣ мегузаронанд. Дарсҳои назариявӣ то моҳи майи соли 2015 давом намуда, ба шунавандагон дар доираи 480 соат дарси назариявӣ ва 720 соат дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






