Истиқбол аз Истиқлол
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 23-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини директори агентӣ Ҳ. Маҳмудзода зимни табрики ҳозирин зикр намуд, ки мардуми тоҷик имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои муҳими таърихӣ, яъне 20 — солагии қабули Конститутсия, 20 — солагии яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон — Суруди миллӣ ва 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мегирад.
Дар хотима ба як зумра кормандони ин ниҳод рутбаи навбатии махсус, медалҳо, ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Инчунин аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои варзишӣ дар байни дастаҳои ҳайати шахсии агентӣ мукофотҳои варзишӣ ва ҷомҳо тӯҳфа гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






