Истиқболи 90-солагии Душанбе бо базми идона

Сентябрь 22, 2014 09:49

Душанбе, 22.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷашни 90-солагии Душанбе дар нимаи дуюми моҳи октябр таҷлил  мешавад.  Дар робита ба ин дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр шуд, ки тибқи муқаррарот 18 октябр дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идона башида ба 90-солагии пойтахт доир гардида, дар нимаи дуюми ҳамон рӯз дар чор боғи фарҳангу фароғатии шаҳр тантанаҳо ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе барпо мешаванд.
     19 октябри соли равон дар боғи Наврӯзгоҳ сокинон ва меҳмонони Душанберо карнавали идона интизор аст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 90-солагии пойтахт    ва тозагию ободонии он дар ҷаласаи шаҳрдорӣ қарор шуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ бо ҷалби  сокинон ва идораю муассисаҳо ташкил шавад.

Сентябрь 22, 2014 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд