Истиқлолият- шарафи миллати озодандеш ва соҳибэҳтиром

Сентябрь 3, 2014 11:48

Душанбе, 03.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Дар ин робита муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Тимур Ҳафизов андешаҳояшро чунин иброз намуд:“Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳхибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. 24 -уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар тамоми СССР ҷунбише барои дигаргунии сиёсӣ ба вуҷуд омад. Декабри соли 1990 анҷумани чоруми Шӯроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани раъйпурсии умумииттифоқӣ қарор кард. 71,3 % — и аҳолӣ тарафдори нигоҳ доштани ИҶШС буд. 19 августи соли 1991 дар Маскав Комитети давлатии фавқулода таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда Эстония, Украина, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва дигарҳо худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани СССР-ро дошт. Давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт. Дар Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои нав барои ҳокимият мекӯшиданд. 9- сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи истиқлолият қайд шуд. Вале аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО Сангтӯда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа — Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма — Қайроқум, нақби Анзоб шурӯъ карда шуд, ки пурра иҷро гардидани онҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт. Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшани афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бо фарҳангии мардуми шарифи мост. Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбини давлати тоҷикон аст. Новобаста аз душвориҳои зиёд билохир неруи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад. Дар ҳақиқат шукргузорӣ аз он мекунем, ки моҳи декабри соли 1991 вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз сад давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли 23 соли истиқлолият мебошад. Мо ҷавонон ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ бояд аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад, зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”- иброз дошт Тимур Ҳафизов, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.

Сентябрь 3, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад