Истиқлолият ва Суруди миллӣ — ифтихори Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2014 12:07

Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии Суруди миллӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва Суруди миллӣ — ифтихори Тоҷикистон» конфронси илмӣ — амалӣ доир гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти  раиси вилояти Суғд хабар додааст, зимни суханронӣ ректори ДДХ Ғ. Усмонов изҳор дошт, ки Истиқлолият ва Суруди миллӣ аз мафҳумҳои арзишноктарини миллати тоҷик эътироф гардида, мояи ифтихор  ва сарбаландӣ аст.  Дар конфронс ҳамчунин таъкид гардид, ки дастоварди пурарзиши замони соҳибистиқлолии кишвар барқарорсозӣ ва ташкили заминаҳои бунёдии соҳаи илму маориф, аз ҷумла навсозии инфрасохтори соҳа, ба раванди таълиму тарбия ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани шаклу усулҳои замонавӣ, инчунин омодасозии кадрҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон профессорон Абдуҷалил Бобокалонов ва Усмонҷон Ғаффоров дар мавзӯъҳои «Президент Эмомалӣ Раҳмон — поягузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аз таърихи таҳияи Суруди миллии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.
 

Сентябрь 8, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд