Кӯлоб: Омодагӣ ба ҷашни Истиқлол
Кӯлоб, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи он ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тандурустӣ барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро вусъат мебахшанд. Кормандони ин муассисаҳо ба ҳашар баромада, дар тозаю озода намудани муҳити зист саҳм мегузоранд.
Дар давоми як моҳи охир кормандони боғи Исмоили Сомонӣ бо маблағгузории ҳокимияти давлатӣ саҳнаи амфитеатр ва нишастгоҳҳои онро, ки барои 10 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст, аз таъмир бароварда, барои гузаронидани маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ ва фароғатӣ омода намуданд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар атрофи амфитеатр гулҳои муаттару дарахтон ва буттаҳои ҳамешасабзро парвариш мекунанд. Роҳбарияти боғи мазкур мушкили таъмини оби нӯшокиро ҳал кардаанд, ки ин ба сабзиши ниҳолу гул ва хуррамии боғ мусоидат мекунад. Инчунин соли ҷорӣ беш аз 40 адад нишастгоҳ сохта шуд, ки сокинон метавонанд аз он истифода баранд. То рӯзи ҷашн дар роҳрав ва хиёбону гулгаштҳои боғ шиору овезаҳо насб мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






