Кӯлоб: Омодагӣ ба зимистон қаноатбахш аст
Кӯлоб, 30.09.2014. (АМИТ»Ховар», Сулаймони Хол)- Дар шаҳру нохияҳои мамлакат корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тиббию маориф ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагӣ мегиранд.
Соли ҷорӣ бо мақсади муваффақона паси сар намудани зимистони солҳои 2014-2015 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба миқдори зарурӣ маводи сӯзишворӣ захира шудааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27, ки дар он 1185 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ба маъракаи зимистонгузаронӣ хуб тайёрӣ дидаанд.
Дар муассисаҳои таълимии рақами 4 ва 30 низ синфхонаҳо шишабандӣ шуда, хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ таъминанд.
Омӯзгорони фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ ба кор ҷалб гардида, дар ду баст ба хонандагон сабақ медиҳанд.
Дигар муассисаҳои таълимӣ, аз қабили муассисаи таълимии рақами 20 ва муассисаи таълимии рақами 13 ба кадри кофӣ ангишт ва ҳезум захира кардаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






