Коҳиши фақру бекорӣ аз Муҳовараи ҳамкории Осиё
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Дар ҳошияи иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Муҳовараи ҳамкории Осиё ( ACD) ширкат варзид.
Сироҷидин Аслов дар суханронии худ изҳор дошт, ки имрӯз Муҳовараи ҳамкории Осиё аз иқтидори бузурге барои тарвиҷи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масоили рушди устувор, коҳиши фақру бекорӣ ва тавсеаи инсонӣ бархурдор аст.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дастёбӣ ба ин аҳдоф танҳо аз тариқи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саёҳат, истифода ва мудирияти манобеи табиӣ ва инчунин табодули фанновариҳо ва иттилоот имконпазир аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






