Коҳиши нархи орд аз 210 ба 135 сомонӣ

Сентябрь 2, 2014 15:14

Хоруғ 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо кумаку дастгирии Агентии давлатии захираҳои моддии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти дурдасти ВМКБ нархи маводи ниёзи аввал барои табақаҳои гуногуни ҷомеа дастрас мебошад. Чанде пеш дар деҳоти болоии водии Бартанг қимати орд то ба 200 сомонӣ расид ва танҳо бо дастгирии фаврии ин агентӣ нархи он ба 135 сомонӣ поин оварда шуд. Ба қавли сокинони ин водӣ дар баъзе аз деҳот нархи як халта орд то ба 210 сомонӣ мерасад. Дар деҳоти поёнии ҷамоати Савноб орд аз 180 то 195 сомонӣ қимат дорад. Бинобар ин Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ин вазъиятро ба инобат гирифта, маводи муайяни хӯроквориро ба мисли орду шакар ва биринҷ бо нархи арзон барои сокинони деҳот дастрас намуд.Ҳоло нархи орд дар аксарияти деҳоти ин водӣ ҳамагӣ 135 сомонӣ, шакар 4,5 сомонӣ ва биринҷ панҷ сомонӣ мебошад.

Сентябрь 2, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад