Коҳиши нархи орд аз 210 ба 135 сомонӣ
Хоруғ 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо кумаку дастгирии Агентии давлатии захираҳои моддии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти дурдасти ВМКБ нархи маводи ниёзи аввал барои табақаҳои гуногуни ҷомеа дастрас мебошад. Чанде пеш дар деҳоти болоии водии Бартанг қимати орд то ба 200 сомонӣ расид ва танҳо бо дастгирии фаврии ин агентӣ нархи он ба 135 сомонӣ поин оварда шуд. Ба қавли сокинони ин водӣ дар баъзе аз деҳот нархи як халта орд то ба 210 сомонӣ мерасад. Дар деҳоти поёнии ҷамоати Савноб орд аз 180 то 195 сомонӣ қимат дорад. Бинобар ин Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ин вазъиятро ба инобат гирифта, маводи муайяни хӯроквориро ба мисли орду шакар ва биринҷ бо нархи арзон барои сокинони деҳот дастрас намуд.Ҳоло нархи орд дар аксарияти деҳоти ин водӣ ҳамагӣ 135 сомонӣ, шакар 4,5 сомонӣ ва биринҷ панҷ сомонӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






