Конфронс оид ба ҷойгоҳи Ҷомӣ дар Озарбойҷон

Сентябрь 29, 2014 10:28

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-25-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Институти адабиёти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба таҷлили ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ зери унвони «Абдураҳмони Ҷомӣ ва замони муосир» конфронси байналхалқӣ баргузор шуд. 
Дар кори конфронс вакилони Миллӣ Маҷлиси Озарбойҷон, намояндаи ЮНЕСКО дар Озарбойҷон, аҳли илму фарҳанг ва академику профессорон, аз ҷумлаи олимони соҳа аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, намояндагони сафоратҳо ва ташкилотҳои байналхалқии мухталифи муқими Боку, бахшҳои шарқшиносӣ ва филологии Академияи миллии илмҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо иштирок намуда, аз баррасиҳо оид ба шахсият ва симои илмиву адабӣ, ҷойгоҳи ирфонӣ ва аҳамияти башарии осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бархурдор гардиданд.
Конфронси мазкурро, ки бо забони тоҷикӣ, озарӣ ва таъмини пурраи тарҷума ба забони англисӣ доир гардид, Сафир Зоҳир Саидов ифтитоҳ бахшида, нахуст аз дастовардҳои Истиқлолият, Сарқонуни Тоҷикистон, эҳтиром аз забони давлатӣ, нақши таърихии мутафаккирон ва орифони тамаддунсози халқи тоҷик, ки дар равандҳои ҷомеасозии башарӣ ва ба ҳам овардани мардумони олам мақоми шоиста доранд, ҳамзамон аз иқдоми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба қадршиносии нобиғагони адабу таърихи ниёгонамон, аз ҷумла пешниҳод ва баргузории таҷлили ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014, ки бо қарори дахлдори созмони фарҳангии ЮНЕСКО интишор ёфтааст, ёдовар гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо намоишгоҳи китобҳои илмиву фарҳангиву сиёсии нашри Тоҷикистон, буклетҳои таблиғотии сайёҳӣ аз манзараҳои тасвирии табиати дилкушои кишварамон, мақолаҳои мунташир оид ба рўзгору эҷодиёти Ҷомӣ дар расонаҳои кишвари иқомат ва гўшаи осори Ҷомӣ ба вуқўъ пайваст, қисмати аввали он бо паёмҳои табрикотии Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Акиф Алиев ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, котиби масъули Комиссияи корҳои ЮНЕСКО дар Озарбойҷон Г. Эфендиева, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Озарбойҷон Мўҳсини Покойин оғоз ёфт. 
Дар идомаи конфронс аз ҷониби узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзои Муллоаҳмад, баррасии мақолоти ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Исо Ҳабиббейлӣ, академик Теймур Керимлӣ, профессорон Паша Керимлӣ, Меҳдӣ Казимов, Масиоғои Муҳаммадӣ (Озарбойҷон), Сайид Иброҳими Иброҳимӣ (Эрон), Муҳаммад Амни Яъқуб (Афғонистон) ва мулоҳизоти дигар иштирокдорон, ба ҳусни конфронс шаҳомат бахшид.
Конфронси мазкур бо мақсади таблиғу ташвиқи рушди муносиботи дуҷониба дар ҳама соҳаҳо, дўстӣ ва ва пайвандҳои мадании мардумони тоҷику озар, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷиҳати бештар мавриди таҳлилҳои илмӣ қарор додани паҳлўҳои номакшуфи мероси адабии Ҷомӣ дар дастхатҳои қадимӣ, ки беш аз 500 нусхаи он дар бойгонии дастхатҳои Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон маҳфуз аст, инчунин нақши осори ин алломаи замонҳо дар инкишофи тамаддуни башарӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Конфронси мазкур дар васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон инъикос гардида, тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии он намоиш дода шуд.
 
 

Сентябрь 29, 2014 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад