Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёту тоҷику форс” имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар конфронс олимони Рӯдакишинос аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок доранд. Дар конфронс президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Муҳаммадҳасани Санъатӣ оид ба ашъори Рӯдакӣ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо асосгузори фарҳанги миллии мост, балки шоири тамоми форсизабонони рӯи дунёст. Ҳар як байти устод саршор аз панду насиҳат, илму дониш, ватандӯстӣ, инсондӯстист. Дар конфронс дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва ҳуввияти миллӣ», «Рӯдакӣ ва замони мо», «Ашъори навёфтаи устод Рӯдакӣ», «Ривоҷи маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ», «Рӯдакӣ- шоири таъсиргузор» ва дигар мавзуъҳо аз ҷониби олимони тоҷику форсизабонон маърӯзаҳо шунида шуданд
Дар конфронс китоби «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ ва конфронси байналмилалӣ ба нашр расидааст, ба меҳмонон тақдим гардид. Мақолаҳое, ки дар маҷмӯаи «Ёдномаи устод Рӯдакӣ» гирдоварӣ шудаанд, гувоҳи равшани онанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба шеър, зиндагӣ, андешаҳои бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо дар зодгоҳи ӯ Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон- Эрону Афғонистон, балки дар мамлакатҳои дигари Шарқу Ғарб, аз ҷумла дар Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Русия, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз торафт бештар гардидаанд. Дар «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки аз ин баъд ҳамасола ба таври мунтазам нашр хоҳад шуд ва беҳтарин мақола ва нақлу баррасиҳоро дар заминаи аҳвол, осор ва афкори шоир дарҷ хоҳад дошт, феълан навиштаҳои солҳои охири рӯдакишиносони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Олмон ва ғайра гирдоварӣ мешаванд. Арзиши илмии онҳо дар он аст, ки муаллифонашон ба шахсият ва мероси мондагори Одамушшуаро бо нигоҳи нав ва равишҳои нави таҳқиқӣ нигариста, ба ҷанба ва паҳлуҳои то ҳол номаълум ва кам тадқиқшудаи он даст задаанд ва бидуни шак ба дастовардҳои муҳими илмӣ ноил гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






