Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2014 17:04

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёту тоҷику форс” имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар конфронс олимони Рӯдакишинос аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон ва  Покистон иштирок доранд. Дар конфронс президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Муҳаммадҳасани Санъатӣ оид ба ашъори Рӯдакӣ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо асосгузори фарҳанги миллии мост, балки шоири тамоми форсизабонони рӯи дунёст.  Ҳар як байти устод саршор аз панду насиҳат, илму дониш, ватандӯстӣ, инсондӯстист. Дар конфронс дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва ҳуввияти миллӣ», «Рӯдакӣ ва замони мо», «Ашъори навёфтаи устод Рӯдакӣ», «Ривоҷи маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ», «Рӯдакӣ- шоири таъсиргузор» ва дигар мавзуъҳо аз ҷониби олимони тоҷику форсизабонон маърӯзаҳо шунида шуданд
Дар конфронс китоби «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ ва конфронси байналмилалӣ ба нашр расидааст, ба меҳмонон тақдим гардид. Мақолаҳое, ки дар маҷмӯаи «Ёдномаи устод Рӯдакӣ» гирдоварӣ шудаанд, гувоҳи равшани онанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба шеър, зиндагӣ, андешаҳои бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо дар зодгоҳи ӯ Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон- Эрону Афғонистон, балки дар мамлакатҳои дигари Шарқу Ғарб, аз ҷумла дар Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Русия, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз торафт бештар гардидаанд. Дар «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», ки аз ин баъд ҳамасола ба таври мунтазам нашр хоҳад шуд ва беҳтарин мақола ва нақлу баррасиҳоро дар заминаи аҳвол, осор ва афкори шоир дарҷ хоҳад дошт, феълан навиштаҳои солҳои охири рӯдакишиносони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Олмон ва ғайра гирдоварӣ мешаванд. Арзиши илмии онҳо дар он аст, ки муаллифонашон ба шахсият ва мероси мондагори Одамушшуаро бо нигоҳи нав ва равишҳои нави таҳқиқӣ нигариста, ба ҷанба ва паҳлуҳои то ҳол номаълум ва кам тадқиқшудаи он даст задаанд ва бидуни шак ба дастовардҳои муҳими илмӣ ноил гардидаанд.

Сентябрь 22, 2014 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!