Конфронси байналмилалии ҳифзи мероси шифоҳӣ

Сентябрь 18, 2014 11:12

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором зери сарпарастии ЮНЕСКО ва Институти байналмилалии пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд дар мавзӯи «Ҳифзи муҳимияти мероси ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ: анъанаҳои шифоҳӣ ва эпос (достонҳо, қиссаҳо)» конфронси 5-уми Минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ доир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар конфронс намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Муғулистон ва Корея ширкат доштанд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Тоҷикистон сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Бурҳон Сайфиддинов дар мавзӯи «Вазъ ва чораҳои ҳифзи мероси шифоҳии мардумӣ ва эпос дар Тоҷикистон»  ва  омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лола Ҳоҷибоева дар мавзӯи «Ривоятҳои эпикӣ дар Тоҷикистон» маърӯза намуданд, ки фарогири масъалаҳои анъанаҳои шифоҳӣ ва эпос (достонҳо, қиссаҳо), хусусият ва аҳамияти суннатҳои шифоҳӣ-эпикӣ, чораҳои ҳифзи анъанаҳои мероси шифоҳии халқ буданд.
Дар ҷараёни кори конфронс иштирокчиён ба хона-музейи ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, шашмақомшинос Юнус Раҷабӣ ва маркази таълимии кулолгарӣ шинос шуданд. Иштирокчиёни конфронс ба хулоса омаданд, ки эҷодиёти шифоҳии ягонаи ҳамаи халқҳои маскуни Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ ба номгӯйҳои ЮНЕСКО пешниҳод шавад.
 

Сентябрь 18, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!