Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз 26 сентябр бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва Бонки Эсхата дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсӣ VIII-мин Конфронси миллӣ оид ба маблағгузории хурд таҳти унвони «Маблағгузории хурд дар Тоҷикистон: дастрасии молиявӣ дар мувозина бо ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» баргузор гардид.
Дар он намояндагони АТМХТ, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ, Бонки Эсхата, коршиносони ин соҳа, шарикони байналхалқӣ ва намояндагони ВАО ширкат доранд.
Мақсад аз баргузории конфронс ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён оид ба дастовардҳои ин соҳа маърӯза хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни конфронс байни Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ва Бонки Эсхата ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад.
Кори конфронс то бегоҳ идома хоҳад ёфт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






