Конибодом: «Донояк» ба истифода дода шуд
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар ҷамоати деҳоти ба номи Э. Шарипови шаҳри Конибодом кӯдакистони нави рақами 15 бо номи «Донояк» аз ҷониби сокинони деҳаи Маҳрам ба тариқи ҳашар навсозӣ гардида, пас аз фосилаи тӯлонии корношоямӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, кӯдакистон барои 120 нафар бунёд гардида, ҳоло дар 4 гурӯҳ тифлакон ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд. Бунёди кӯдакистони нав имкон додааст, ки 17 нафар занону духтарон соҳиби ҷои кори доимӣ гарданд.
Бо иқдоми сокинони маҳаллаҳо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боз як кӯдакистони нав дар деҳаи Санҷидзори ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар арафаи баистифодадиҳист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






