Конститутсия – кафили ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 24 сентябр бахшида ба 20-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати илм, факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, кафедраҳои ҳуқуқи иқтисод ва молиявӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Конститутсия – кафили ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар конфронс декани факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Ҷурахон Шарипов зикр намуд , ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи ҷомеа асос буда, ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз он сарчашма мегиранд.
Ғиёсиддин Ашӯров, муовини ректор оид ба илм иштирокчиёни конфронсро бо ин ҷашни муборак табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумибашарӣ доштани таҳсилотро тавассути Конститутсияи кишвар муқаррар карда, кафолат додааст ва баҳри фарогирии тамоми аҳолии кишвар ба ин бахши муҳими ҷомеа тамоми тадбирҳои аввалиндараҷаро меандешад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ кафолати таҳсилотро, ки яке аз самтҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар худ мустаҳкам намуда, ба кулли аҳолии кишвар кафолат додааст, илова намуд мавсуф.
Баъдан аз рӯи барнома устодону донишҷӯёни донишкада маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






