Корманди ВКД-ро чӣ гуна муҷозот мекунанд?
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба корманди Ротаи махсуси зудамали милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ Шукуров Азаматулло Қурбоналиевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентии мазкур, ба агентӣ шаҳрванд Камолов муроҷиат карда, арз доштааст, ки корманди ВКД аз ӯ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷамъ 24 ҳазору 900 доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
«Тафтишот муайян кард, ки боздоштшуда Камоловро ба ҳайси ронанда ба Ротаи махсуси зудамал ворид карда, тавсия медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани рутбаи ҳарбӣ бояд маълумоти олӣ дошта бошад ва барои дохилкунӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 1000 доллар мегирад. Баъдан барои гирифтани замин дар Ваҳдат 23 ҳазору 900 доллари дигарро гирифта, ягон ваъдаи додаашро иҷро намекунад»-илова намуд манбаъ.
Дар айни замон тафтиши парванда идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






