Кормандони фаъол сазовори ифтихорномаҳо гаштанд
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ иддае аз кормандон ва фаъолони Хадамоти муҳоҷират барои сари вақт ва бо сифати баланд ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо Ифтихорномаи сардори хадамот сарфароз мегарданд.
Имсол низ 4 нафар корманди Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла, сухангўи Хадамоти муҳоҷират, сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ — Абдуллоҳи Қодирӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмуд Хоркашев ва сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав Муҳибулло Бобоев бо мақсади ҳавасмандгардонӣ дар арафаи таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ифтихорномаҳо гардиданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев кормандонро барои фаъолияти пурсамар ва тарғибу ташвиқи самтҳои фаъолият, пурзўр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, инчунин бо ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дастовард ва комёбиҳои назаррасро дар соҳаи муҳоҷират самараи истиқлолият маънидод кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






