«Кошонаи саодат» фаъол шуд
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» бо дастгирии молиявии Ташкилоти амонатии қарзии хурд «Арванд» якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахши кор бо занон дар шаҳру навоҳии Б. Ғафуров, Спитамен, Истаравшан ва Ҷ. Расулов давраи дуввуми маҳфили «Кошонаи саодат» — ро аз моҳи январи соли 2014 идома дод.
Дар доираи лоиҳа занону духтарон, ки аксар аз оилаи муҳоҷирони меҳнатианд, аз одоби муошират, муносибати байниҳамдигарӣ аз нуқтаи равонӣ, роҳандозӣ намудани буҷаи оилавӣ, истифодаи оқилонаи маблағҳои интиқолшуда аз муҳоҷирони меҳнатӣ, одоби рӯзгордорӣ, ки бевосита ба муносибати зану шавҳар таъсири манфӣ ва мусбати худро мегузорад, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз нигоҳи шариат, расонидани ёрии таъҷилии аввалини тиббӣ ва маърифати молиявӣ бархурдор гаштанд.
Дар маҳфил ба 180 нафар роҳҳои хуби истифодаи буҷаи оилавӣ, банақшагирии буҷа, пасандоз ва захира, ба кадом нуқтаҳои Шартномаи меҳнатӣ, Шартнома дар бораи гифтани қарз барои харидории чиптаҳои ҳавопаймоӣ бояд эътибори ҷиддӣ дод, расондани ёрии аввалини таъҷилии тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода омӯзонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






