Кумитаи имдод Марказҳои омӯзишӣ ташкил карданист
Душанбе, 13.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар Тоҷикистон марказҳои омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир -назири устои таъмири телефонҳои мобилӣ, кормандони хизматрасон дар тарабхона ва меҳмонхонаҳои нави замонавиро ифтитоҳ намояд. Ин ва дигар масоили тавсеаи равобити дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи имдоди Хумайнии Эрон дар мулоқоти Сумангул Тағойзода-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ бо Сарпарасти кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Душанбе матраҳ гардиданд. Сумангул Тағойзода ба сатҳи ҳамкориҳои вазорат бо Кумитаи имдоди Хумайнии Эрон баҳои баланд дода, ифтитоҳи 200 коргоҳҳои омӯзишии муштракро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон самараи неки ҳамкориҳо арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки имзои санади нав- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар нақши муасссир хоҳад гузошт. Дар навбати худ Ҳусайн Анворӣ иброз дошт, ки Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар оянда ҳамкориҳоро бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд. Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 санади ҳамкорӣ байни ду кишар ба имзо расиданд. Аз ин 9 санад чор Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии ИсломиЭрон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






