М. Ҷалолов ба П. Мукерҷӣ Эътимоднома супорид
Душанбе, 16.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ Эътимоднома супорид. Маросими супоридани Эътимоднома тибқи маросими ташрифотии кишвари иқомат дар Кохи Раштрапати Бҳаван баргузор гардид.
Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ расонида шуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва мудофиа ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардиданд. Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷадиди ҷаҳонӣ низ аз бахшҳои муҳими муносиботи Тоҷикистону Ҳиндустон маънидод гардид. Дар фарҷоми мулоқот дипломати тоҷик Президенти кишвари Ҳиндустонро итминон дод, ки тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати таҳким ва рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Ҳиндустон равона хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






