М. Убайдуллоев бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Душанбе, 16.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Омодагиҳо ба Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия:неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Игор Лякин-Фролов -Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон қарор дошт.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба тақвияти равобити ҳасанаи Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталиф, хусусан байнипарлумонӣ матраҳ гардида, мусоҳибон зарурати тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро таконбахши робитаҳо арзёбӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Форуми байнипарлмонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» 22-25 октябри соли равон дар шаҳр ва вилояти Маскави Русия баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ дар самти ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз соли 2006 инҷониб гузаронида шуда, рисолати худро ҷиҳати рушди муносиботи ҳасанаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иҷро менамояд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми мазкур раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафари расмӣ озими Федератсияи Русия гардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






