«Мақолаи беҳтарин» қадрдонӣ шуд

Сентябрь 23, 2014 12:17

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мақолаи пешниҳоднамудаи узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов таҳти унвони «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» дар озмуни «Мақолаи беҳтарин», ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ аз 8-уми июл то 3-юми сентябр эълон карда буд,   ҷойи аввалро ишғол намуда, аз ҷониби сарпараст-намояндаи «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Мақоми дуюмро доктори илми филология, профессор Назрӣ Офаридаев-ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои мақолаи «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» сазовор гардид. Сарпарасти ҷойи дуюм, ки Кумитаи забон ва истилоҳот буд, аз ҷониби намояндааш маблағи 1000 сомониро ба ғолиб супорид.
Зинаи сеюмро маводи навиштаи Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб -«Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» касб намуд. Барои мақоми сеюм, ки 500 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз ҷониби намояндаи «Амонатбонк» тақдим гардид.
Ғолибон зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмии «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» қадрдонӣ шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз эълони озмун ҷалби бештари олимон ба таҳлили воқеии вазъи истилоҳоти забони илми муосир ва баланд бардоштани нуфузу эътибори забони давлатӣ мебошад.

Сентябрь 23, 2014 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд