Маҳфили адабии Зулфия
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Пагоҳ, 20-уми сентябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ғончӣ маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ доир мегардад.
Дар маҳфил маҷмӯаҳои ашъори адиби маъруфи кишвар Зулфия Атоӣ пешкаши дӯстдорони шеър гардонида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Зулфия Атоӣ 15- уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Институти адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав мебошад.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Ҷиҳоз», «Дидор», «Меваи сабр», «Духтари дарё», «Ишқи як зан», «Зан агар ошиқ шавад», «Зулфи парешон» ва ғайра буда, шеърҳои ӯ бо забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, туркманӣ, руминӣ, украинӣ тарҷума ва интишор гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки Зулфия Атоӣ дорандаи ордени «Шараф», ордени «Дили Данко» (Русия), ҷоизаи адабии «Парвини Эътисомӣ» ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ буда, соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






