Маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» дар ДМИТ
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки 27 сентябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, масъалаҳои буҳрон ва таҳримҳо дар шароити мувозинати макроиқтисодии Тоҷикистонро мавриди мунозираи илмӣ қарор дод.
Тавре ки номзади илмҳои иқтисодӣ, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» Саъдихоҷа Маъдиев иттилоъ дод, дар маҳфил ректори донишкада Ашурбой Солиев мубрам будани мавзӯи баррасишавандаро зикр карда, аз ин ҳолати буҳронҳо ба манфиати иқтисоди кишвар истифода бурда тавонистанро махсус таъкид кард. Аз ин хотир тасмим гирифта шуд, ки оид ба таъсири омилҳои берунии буҳронӣ ва таҳрим ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба истодагарӣ дар роҳи тадқиқоти илмӣ ва баҳодиҳӣ даъват намоем.
Дар маҳфил маърӯзаи ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров дар мавзӯи «Буҳронҳо ва таҳримҳо дар шароити мувозинати макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Аз тарафи баромадкунанда вазъи иқтисодиёти ҷаҳон ба тариқи таҳаввулот шарҳ ёфта, бо назардошти хусусиятҳои давравии онҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон бо факту рақамҳои мушаххас баҳогузорӣ гардид.
Ҳамзамон оид ба иқтисодиёти Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо бо вазъи муносибатҳои иқтисодии байни субъектҳои номбаршуда фикрҳо арзёбӣ гардид. Дар хотима мавсуф оид ба пешгирӣ ва камгардонии таъсири манфии вазъи буҳронӣ ва таҳримҳо, бобати истифода аз имкониятҳои то ҳол истифоданашуда дар кишвар барои таъмини мувозинати макроиқтисодии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас намуд.
Дар музокира ректор Ашурбой Солиев аз ҷумла зикр намуд, ки дар баробари саъю кӯшишҳои соҳибкорони ватанӣ,моро лозим аст,ки барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва сифати мол ва содирот намудани он ба бозорҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи бандубасткунӣ, алалхусус бо сафарбаркунии иқтидори «Технопарк»-и ДМИТ-ро васеъ ба роҳ монем.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






