Маҳфили мавлавихонӣ дар ИНТ
Душанбе, 30.09.2014. («АМИТ Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзи бузургтарин шоири форсизабони дунё Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили бошукӯҳи мавлавихонӣ доир гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Камол Насрулло оғоз карда, шоирон Гулназар ва Абдуқодири Раҳим дар бораи ҳаёту эҷодиёти ибратбахши Мавлои Рум сухан гуфтанд.
Ширкати ҳунармандон, овозхонони мумтоз аз қабили Парда Қосим, Фурқати Саид, Қурбонали Раҳмон, Убайдуллоҳи Каромат, Карими Назар ва дигарон маҳфили адабиро шавқовар, хотирмон ва фаромӯшнопазир сохт.
Дар ҷамъомад аҳли илму фарҳанг, толибилмон аз ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Афкору андешаҳои ҷолиби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ашъори шӯрангезу ҷовидонии ӯ сабт ёфта, дили ҳазорон шефтагони илму адабро тасхир кардааст, аз садсола то садҳо соли дигар теъдои дӯстдорони каломи ӯро афзун мекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






