Маҳфили мусиқӣ бо иштироки Г. Александров
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар толори Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оҳангсози маъруф Геннадий Александров вохӯрӣ баргузор мегардад.
Дар ин маҳфили мусиқӣ аҳли фарҳанг ва илм, намояндагони Вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва мухлисони эҷодиёти Геннадий Александров ҷамъ меоянд. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир бо амри такдир Геннадий Александров дар Амрико зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Геннадий Александров дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, зиёда аз 50 сол дар Тоҷикистон фаъолияти эҷодӣ ва педагогӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки Г. Александров дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ балети Хоҷа Насриддинро офаридааст ва солҳои тӯлонӣ ин балет дар театри номбурда ба саҳна гузошта мешавад. Геннадий Александров барои бисёр филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» мусиқиҳо офаридааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






