Маҳфили навбатии «Ганҷи сухан»

Сентябрь 16, 2014 16:46

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Нишасти 120-умин маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки дар толори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров доир гардид,  ба 600-солагии адиб ва донишманди тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бахшида шуд.
Тавре ки  сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дар мавзӯи «Арзишҳои илмӣ-адабии «Шавоҳиддин нубувват»- и Абдураҳмони Ҷомӣ сухан гуфт.  Декани факултаи  филологияи тоҷик Мӯсоҷон Олимҷонов дар мавзӯи «Як омили ғановати забони назми Фарзона» маърӯза карда, афзуд, ки дар ҷараёни мутолиаи осори Фарзона масъалаи дигари назми шоира истифодаи муродифот диққати моро ба худ ҷалб намуд, зеро таъйину таҳқиқи муродифот яке аз масъалаҳои мубрами услубшиносӣ ва шаҳодати ғановати на фақат забони муайян, балки забони осори ин ё он маҳфил ҳам ба шумор меояд. Шоира вақти баёни андешаву орои худ аз калимаҳои зиёди ҳаммаъно истифода мебарад ва дар ин замина аксаран муродифоти зебову рехтаи калимаи мавҷударо ба вуҷуд меорад. Чунончи, вақте васфи модар мекунад, муродифоте чун «хуршеди фурӯзонфар», «Марями беисӣ», «осмонидоман» ва ғайраро меофарад, ки бузургиву шаҳомати ин «дарахти тавонои отифиву биҳиштӣ»-ро боз ҳам мунаввару равшантар ба ҷилва меорад». 
Нависанда Анвар Олимов оиди «Ҳунари тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти муосир» андешаҳои хешро баён сохт.  Шоир Баҳроми Раҳматзод аз китоби тозанашри хеш шеърҳо қироат намуд. Шоира Олимова, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷик аз ашъори Фарзона шеърҳо хонд. 
 

Сентябрь 16, 2014 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад