Маҳфили навбатии «Ганҷи сухан»
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Нишасти 120-умин маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки дар толори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров доир гардид, ба 600-солагии адиб ва донишманди тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бахшида шуд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дар мавзӯи «Арзишҳои илмӣ-адабии «Шавоҳиддин нубувват»- и Абдураҳмони Ҷомӣ сухан гуфт. Декани факултаи филологияи тоҷик Мӯсоҷон Олимҷонов дар мавзӯи «Як омили ғановати забони назми Фарзона» маърӯза карда, афзуд, ки дар ҷараёни мутолиаи осори Фарзона масъалаи дигари назми шоира истифодаи муродифот диққати моро ба худ ҷалб намуд, зеро таъйину таҳқиқи муродифот яке аз масъалаҳои мубрами услубшиносӣ ва шаҳодати ғановати на фақат забони муайян, балки забони осори ин ё он маҳфил ҳам ба шумор меояд. Шоира вақти баёни андешаву орои худ аз калимаҳои зиёди ҳаммаъно истифода мебарад ва дар ин замина аксаран муродифоти зебову рехтаи калимаи мавҷударо ба вуҷуд меорад. Чунончи, вақте васфи модар мекунад, муродифоте чун «хуршеди фурӯзонфар», «Марями беисӣ», «осмонидоман» ва ғайраро меофарад, ки бузургиву шаҳомати ин «дарахти тавонои отифиву биҳиштӣ»-ро боз ҳам мунаввару равшантар ба ҷилва меорад».
Нависанда Анвар Олимов оиди «Ҳунари тарҷумаи бадеӣ дар адабиёти муосир» андешаҳои хешро баён сохт. Шоир Баҳроми Раҳматзод аз китоби тозанашри хеш шеърҳо қироат намуд. Шоира Олимова, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷик аз ашъори Фарзона шеърҳо хонд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






