Маркази матбуотӣ дар КМТ фаъол аст
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Некрузи Муҳаммадсодиқ).- Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда ташкил шудааст.
Барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз ҷараёни баргузории ҷаласаҳои он, таҳияи мақолаю гузоришҳо, анҷом додани сабтҳои аудио ва видео дар Маркази матбуот барои рӯзноманигорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Бо ин мақсад ҷараёни баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Маркази матбуот мустақиман пахш мегардад. Дар навбати худ хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ва баландсуръат маводи заруриро дастрас намуда, метавонанд гузоришҳои худро дар як муҳлати кӯтоҳ барои пахш ирсол кунанд.
Бояд зикр кард, ки масъулини Маркази матбуотӣ барои фаъолияти пурсамари намояндагони воситаҳои ахбори омма 160 адад компютери пайваст ба шабакаи интернети баландсуръат, 200 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI), 11 адад дастгоҳи чопӣ ва нусхабардорӣ, 6 адад монитор барои тамошои мустақими ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, 8 адад дастгоҳи факсу телефони байналмилалӣ ва ду адад таҷҳизоти тақсимкунандаи видео ва аудиоро, ки ҳар яке дорои 20 нуқтаи пайвастшавӣ мебошад, насб ва пешниҳоди рӯзноманигорон гардонидаанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






