Маросими истиқболи расмии Ҳасани Рӯҳонӣ
Душанбе, 10.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гашт.
Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Эрон афрохта шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳониро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд. Дар ҳамин вақт садои шилликҳои тўпхона, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, дар фазо танинандоз гардид.
Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон бо нимтаъзим эҳтиром ба ҷо оварда, ба ҷузъу томҳои горди фахрӣ арзи салом намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.
Дар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин намояндагони сершумори корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






