Машварат оид ба роҳҳои бозомӯзӣ дар ДДХ
Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо иқдоми шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар факултаи забонҳои шарқи донишгоҳ бо ҷалби беш аз 60 нафар устодону донишҷӯён, магистрантону аспирантони факултаҳои биология-химия, геоэкология ва забонҳои шарқ машварат доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур фаҳмонидани роҳу усулҳои иштирок дар таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ — Амрико, Инглистон, Лаҳистон, Олмон, Венгрия, Чин ва дигар мамолики дунё барои соли таҳсили 2015- 2016 мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи таҳияю муаррифии барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногун аз ҷониби кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Т.Каримов, Ф.Ҳодибоев, Ҷ.Истамқулов ва Ҳ.Зайнидинов дар давоми машварат идомаи таҳсил дар хориҷа, натиҷаҳои қаблии лоиҳаҳои «SILKROUT» ва «ТЕMPUS», иштироки занон дар озмунҳо, иқомат ва таъмини хароҷоти ҷорӣ дар давоми таҳсил дар хориҷа ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва ҳамқадам гардидани донишҷӯёну омӯзгорон бо илмҳои нави замонавии ҷаҳони муосир дар самти робитаҳои байналмилалии донишгоҳ чорабиниҳои омӯзишию фаҳмондадаҳӣ байни донишҷӯёну аспирантон ва магистрантон идома ёфта, сафи донишмандону хоҳишмандон ва сафарбаршавандагон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар сол аз сол зиёд гардида истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






