Мавзуна — парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ

Сентябрь 2, 2014 09:19

Душанбе, 2.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 1-уми сентябр дар Душанбе маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба Бозиҳои XVII осиёӣ ба шаҳри Инчони Ҷумҳурии Корея баргузор шуд. Тавре ки аз Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 100 нафар оид ба 18 намуди варзиш дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.
Варзишгарони маъруфи тоҷик — Дилшод Назаров, қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои осиёӣ дар гурзандозӣ ва Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, аз номи ҳайати варзишии кишвар ба пояи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.  
Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат хоҳад кард. Дар бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст оварданд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.
Ба назари коршиносони соҳа дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ ва ғайра натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мумкин аст.
Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал ( 1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гашт. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродалӣ Тӯйчиев дар намуди гӯштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.     
Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муштзани машҳур Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 супурда шуд ва ӯ дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ парчамбардори Тоҷикистон мешавад. Мавзуна аз номи варзишгарон иброз дошт, ки мекӯшанд дар ин бозиҳо парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.
 
 

Сентябрь 2, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд