Медали тиллои варзишгари тоҷик аз мусобиқоти Аврупо
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фарзод Нуруллоев, варзишгари ҷавони тоҷик аз шаҳри Истанбули Туркия бо медали тилло баргашт.
Ӯ дар чемпионати Аврупо оид ба намуди варзишии каратэ-кёкушинкай Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, байни намояндагони 16 давлати дунё ва зиёда аз 200 нафар варзишгар дар вазни 55 кг бар ҳарифони худ аз Ироқ, Туркия, Доғистони Федератсияи Русия дар бозиҳои ҳалкунанда дастболо гашта, ҷои аввал ва медали тиллоро ба даст овард ва чемпиони Аврупо гардид.
Гуфта мешавад, ки Фарзод Нуруллоев инчунин камарбанди сиёҳи дараҷаи аввалро сазовор шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Фарзод соҳиби Ҷоми ҷаҳон ва унвони Устоди варзиши ҷумҳурӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






