Минтақаҳои нави маъмурии милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 29, 2014 16:07

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилӣ Рамазон Ҳамро ва раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Тағозода Саидмурод  дар маросими ифтитоҳи се бинои нави хизматӣ барои нозирони минтақавии милитсияи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои   Хусрав Солеҳов, корманди маркази матбуоти ВКД, минтақаи хизматии №13-и милитсия, ки бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуд, барои хизматрасонии 16 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳоти Султонобод пешбинӣ шудааст. Дар сохтмони ин иншоот соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ҷамоати мазкур саҳми арзанда гузоштанд.
Вазири корҳои дохилӣ ва раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар маросими кушодашавии нуқтаи такягоҳи тартиботи ҷамъиятии №2 «Чоргултеппа» низ иштирок намуданд.
Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии он ҳудуди 38 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин маркази ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенс-груп», соҳибкорон ва сокинони ҷамоати деҳоти мазкур бунёд гардидааст. Бинои нави хушсохт аз 3 утоқи корӣ барои нозирони минтақавии милитсия, як маҷлисгоҳ, як утоқи корӣ барои ситоди «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва дигар шароитҳои маишии зарурии кормандон иборат аст.
Ҳамчунин дар ин рӯз минтақаи хизматии милитсияи №1 шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд. Минтақаи хизматии мазкур барои 22 ҳазор сокини шаҳраки мазкур хизмат хоҳад расонд.
Минтақаҳои хизматии кормандони милитсия ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши калон доранд.

Сентябрь 29, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад