Минтақаҳои нави маъмурии милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилӣ Рамазон Ҳамро ва раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Тағозода Саидмурод дар маросими ифтитоҳи се бинои нави хизматӣ барои нозирони минтақавии милитсияи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои Хусрав Солеҳов, корманди маркази матбуоти ВКД, минтақаи хизматии №13-и милитсия, ки бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуд, барои хизматрасонии 16 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳоти Султонобод пешбинӣ шудааст. Дар сохтмони ин иншоот соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ҷамоати мазкур саҳми арзанда гузоштанд.
Вазири корҳои дохилӣ ва раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ дар маросими кушодашавии нуқтаи такягоҳи тартиботи ҷамъиятии №2 «Чоргултеппа» низ иштирок намуданд.
Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии он ҳудуди 38 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин маркази ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенс-груп», соҳибкорон ва сокинони ҷамоати деҳоти мазкур бунёд гардидааст. Бинои нави хушсохт аз 3 утоқи корӣ барои нозирони минтақавии милитсия, як маҷлисгоҳ, як утоқи корӣ барои ситоди «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва дигар шароитҳои маишии зарурии кормандон иборат аст.
Ҳамчунин дар ин рӯз минтақаи хизматии милитсияи №1 шаҳраки Сомониён ба истифода дода шуд. Минтақаи хизматии мазкур барои 22 ҳазор сокини шаҳраки мазкур хизмат хоҳад расонд.
Минтақаҳои хизматии кормандони милитсия ба таври шабонарӯзӣ фаъолият дошта, вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши калон доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






