Муҳокимаи «Кӯкнор — 2014» дар Суғд
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми амалиёт дар қаламрави вилояти Суғд таҳти сарварии муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷ.Р. Сангинов бо иштироки сардорони ситодҳои кории вилоятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Сардори РАНМН М.М. Ҳотамӣ таъкид кард, ки аз 20 май то 31 августи соли ҷорӣ зимни гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2014» ҳамагӣ 46 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 128 кг воситаи нашъаовар (нисбат ба ҳамин давраи амалиёти «Кӯкнор-2013» 57 кг 680,59 грамм зиёд), аз ҷумла 61 кг героин, 15 кг афюн, 52 кг 100,6 грамм гурӯҳи бангдона мусодира шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии созмоншуда, 56 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор гашта, зиёда аз 1 миллион растании худрӯи бангдона дарёфт ва бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Тибқи иттилои АНМН соли гузашта дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2013» аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда 46 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор шуда, дар майдони 9,87 гектар зиёда аз 800 ҳазор бех растании худрӯйи бангдона дарёфт шуда, бо роҳи оташ задан нест карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор — 2014» дар қаламрави вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






