Муҳокимаи «Кӯкнор — 2014» дар Суғд

Сентябрь 30, 2014 17:03

Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар  дар вилояти Суғд ҷаласаи навбатии ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2014» оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми амалиёт дар қаламрави вилояти Суғд таҳти сарварии муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷ.Р. Сангинов бо иштироки сардорони ситодҳои кории вилоятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Сардори РАНМН   М.М. Ҳотамӣ таъкид кард, ки  аз 20 май то 31 августи соли ҷорӣ зимни гузаронидани марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2014» ҳамагӣ 46 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуд. Аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 128 кг воситаи нашъаовар (нисбат ба ҳамин давраи амалиёти «Кӯкнор-2013» 57 кг 680,59 грамм зиёд), аз ҷумла 61 кг  героин, 15 кг   афюн, 52 кг 100,6 грамм гурӯҳи бангдона мусодира  шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии созмоншуда, 56 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор гашта, зиёда аз 1 миллион растании худрӯи бангдона дарёфт ва бо роҳи сӯзонидан   нобуд карда шуд.
Тибқи иттилои АНМН соли гузашта дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2013» аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии созмондодашуда 46 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор шуда, дар майдони 9,87 гектар зиёда аз 800 ҳазор  бех растании худрӯйи бангдона дарёфт шуда, бо роҳи оташ задан нест карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаи марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор — 2014» дар қаламрави вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
 

Сентябрь 30, 2014 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!