Муҳокимаи масоили оби нӯшиданӣ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 24 сентябр, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шабакаи созмонҳои мушорикон оид ба таъмини доимӣ бо об ва санитария баргузор мешавад.
Ҷаласа бо ибтикори Оксфам дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии ҳукумати Швейтсария тавассути Агентии рушду ҳамкории ин кишвар доир мегардад.
Назар ба хабари Оксфам дар Тоҷикистон, дар ҷараёни ҷаласа маросими муаррифӣ ва натиҷагирии мушорикони шабака дар бораи фаъолият ва масоили таъминот бо оби нӯшиданӣ ва санитария баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Шабакаи созмонҳои мушорикон оид ба таъмини доимӣ бо об 12 ноябри соли 2009 барои муттаҳид сохтани ҳамаи созмонҳои манфиатдор, аз ҷумла сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалию маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши инфиродӣ ва васоити ахбори омма таъсис ёфта буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






