Муҳокимаи муносиботи тиҷоратии СҲШ дар Душанбе

Сентябрь 10, 2014 10:58

Душанбе, 10.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи раёсати Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард, ки дар кори он муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Котиби генералии СҲШ Дмитрий Мезентсев, раиси раёсати  Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндагони бахшҳои миллӣ аз кишварҳои аъзои СҲШ иштирок намуданд.
Раиси раёсати  Шӯрои кории СҲШ Шариф Саид ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таваҷҷуҳи асосии Шӯрои мазкур ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бахши хусусӣ равон гардида, робитаҳои тиҷоратии миёни кишварҳои аъзои СҲШ-ро ҳамоҳанг месозад. 
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид оид ба вазифаҳои ин Шӯро ва муносиботи тиҷоратии Тоҷикистон дар доираи СҲШ бо кишварҳои аъзои он сухан ронда, зикр намуд Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай муносиботи хуби тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Шӯрои кории СҲШ майдони хубест барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзои созмон. Аз ин лиҳоз, тавсеаи робитаҳои тиҷоратии бахшҳои миллии кишварҳои аъзо ба манфиати ҳамаи давлатҳост. 
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни ҷаласаи раёсати Шӯрои корӣ масоили марбут ба таваҷҷуҳи иштирокдорон муҳокима гардида, аз ҷониби директори генерии «Beijing Jinchuang International Group»-и Чин лоиҳаи «Маҷмааи намоишгоҳи байналмилалӣ» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ мегардад. Инчунин дар назар аст, ки раиси раёсати Шӯрои кории СҲШ дар соли 2015 интихоб ва тасдиқ шавад.     
 
 
 
 
 

Сентябрь 10, 2014 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад