Муҳокимаи рушди таҳсилоти муосир
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода ). – 30 ва 31 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Макотиби эҳтиёҷманд дар шароити имрӯзаи таҳсилот: вазъу дурнамо» баргузор мегардад.
Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, конфронс бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Академияи таҳсилоти кишвар роҳандозӣ мешавад.
Дар конфронс масоили ташкили таълим дар макотиби эҳтиёҷманди деҳот, мазмуну сифати таҳсилот, шаклу усулҳои таълиму тарбия ва сифати таҳсилот баррасӣ мешаванд.
Дар конфронс намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус низ иштирок менамоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






