Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Брюссел

Сентябрь 8, 2014 09:52

Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел 2 сентябр якҷоя бо роҳбарияти ширкати сайёҳии Шоҳигарии Белгия «Desti Travel» дар идораи марказии он муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистонро гузаронд. Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони як силсила ширкатҳои бонуфузи сайёҳии Шоҳигарии Белгия ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев роҷеъ ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ,  фарҳанг, санъат ва таърихи тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ иштирокчиёнро ба ҷалби сармоя ба инфрасохтори туристии кишвар даъват намуд. Пас аз суханронӣ филм оид ба имконоти туристии Тоҷикистон, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон, китобҳо, брошюраҳо ва дигар мавод бахшида ба соҳаи туризми ҷумҳурӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дидании мамлакат ба манзури ҳозирон пешкаш гардид.
 Дар идораи марказии ширкати “Desti Travel” гӯшаи махсус таҳти унвони «Туризм, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он маводи мухталиф бахшида ба имконоти сайёҳӣ, фарҳанг, санъат ва таърихи ҷумҳурӣ оварда шудааст.

Сентябрь 8, 2014 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе