Муборизаи Тоҷикистону Эрон бар зидди маводи мухаддир
Душанбе, 6.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мулоқоти муовини директори агентӣ Ҳалимҷон Маҳмудзода бо мудири кулли умури байналмилалии Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Баёт, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, баррасӣ гардиданд. Инчунин масъалаи кушодани ҷиноятҳои вобаста ба паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо зикр карданд, ки ин амалҳои номатлуб ҷомеаро бетараф монда наметавонанд, чунки маводи нашъаовари синтетикӣ асосан дар муассисаҳои дилхушӣ дар байни ҷавонон паҳн мешаванд ва оқибат ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонанд. Зимни вохӯрӣ Ҳ. Маҳмудзода иттилоъ дод, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз тарафи кормандони агентӣ якчанд ҷинояти вобаста ба паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ пешгирӣ шуд ва аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ машғул буданд, дастгир шуданд. Маҳмуди Баёт барои ҳамкорӣ арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






