Мукофотҳо бахшида ба Рӯзи Истиқлол
Душанбе, 6.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти кишвар як зумра шахсони баруманд ва фаъолони соҳаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд.Имсол низ 88 нафар пешқадамони корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла 7 нафар корманди соҳаи маориф, 18 нафар корманди соҳаи тиб, 9 нафар аз соҳаи нақлиёт ва алоқа, 4 нафар корманди ҳифзи ҳуқуқ, 12 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимии олӣ соҳиби ин мукофоти давлатӣ гардид.Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз ҳама ҳозиронро бо ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ин ҳама ободонию пешравиро самараи истиқлолият маънидод кард.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






