Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи аграрӣ
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар ҷаласаи тантанавӣ ҷиҳати супоридани ҷоизаҳои давлатӣ ба кормандони вазорат баргузор гардид.
Қосим Роҳбар саҳми арзандаи кишоварзону кормандони Вазорати кишоварзии мамлакат ва олимону мутахассисони соҳаро дар таҳкими амнияти озуқаворӣ ва тақвияти истиқлолияти ватанамон арзёбӣ намуда, аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ ва қадрдонии ҳамкорон изҳори миннатдорӣ намуд.
Тавре ки аз дафтари матбуоти вазорат иттилоъ доданд, муовини Сарвазир дар вазъияти тантанавӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишварзӣ Холназар Одинаевро бо «Ордени шараф, дараҷаи 2» ва сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, Улҷон Маллаеваро бо «Ифтихорнома» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Қосим Роҳбар оид ба вазифаҳои пурмасъулияти кишоварзону кормандони вазорат ва зерсохторҳои он дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат сухан ронда, баҳри амалӣ намудани сиёсати аграрии давлату ҳукумат ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа комёбиҳо орзу намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






