Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ҳасани Рўҳонӣ
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоссаи меҳмони олиқадр бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид.
Зимни мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва илму фарҳанг изҳори қаноатмандӣ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо доир ба тадбирҳои муштараки ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги байнидавлатӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, зарурати таҳкими ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва обу энергетика махсус таъкид намуданд. Ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии Сангтўда- 2 ва пешбурди корҳои ниҳоии сохтмонии нақби Истиқлол намунаи олии ҳамдастии ду кишвар дар раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






